Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара вохӯрии судманде таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Зиёваддинзода С., раиси кумитаи ҲХДТ-и шаҳр Ҷӯраева Г., мудири бахши дин, танзими ҷашну маросим МИҲД-и шаҳр Азизов Д., дар деҳаи Хушободи ҷамоати деҳоти Хонобод бо иштироки 140 нафар вохӯрӣ доир намуд. Нахуст, раиси ҷамоат – Қурбонова Д., ҳадафи баргузории мулоқотро ба иштирокдорон баён намуд.
Дар навбати худ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М., оиди талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуда, диққати иштирокдоронро оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуд. Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд