Бо ибтикори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ширкати чинии “Sinohydro”, ки дар он сокинони шаҳри Норак кору фаъолият мекунанд, дар мавзуи пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва муҳоҷирати бехатар, вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират иброз доштанд, ки имрӯзҳо падидаи номатлубе бо номи терроризм ва экстремизм кишварҳои гуногуни минтақаро фаро гирифтааст. Яке аз шаклҳои асосии фаъолияти ифротгароӣ ҷиноятҳое мебошанд, ки дар заминаи барангехтани кинаву адоват дар муносибатҳои байни миллатҳо бар меоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шароити кунунӣ, асосан ҷавонон объекти асосии таъсиррасонии гурӯҳҳои экстремистӣ гардида истодаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо тарғиби бардурӯғ ва фиребу найранг, ваъдаҳои хушку холӣ ба доми худ мекунанд, ки дар натиҷа ҷавонон меъёрҳои ахлоқиро рад намуда, ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки мутаассифона рафтору кирдори аксари ҷавонони имрӯза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шууру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайрави мекунанд, гоҳ аз Ғарб ва ин ҳамаро аз тариқи филмҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона, фаҳшу зуроварӣ гирифтаанд, ки мақсади бадхоҳон низ ба ин васила табоҳ кардани насли ҷавон мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон