Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд машварати пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Британияи Кабир барои кор дар соҳаи кишоварзӣ сафар хоҳанд кард, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ дар он аст, ки муҳоҷирони эҳтимолӣ пеш аз сафар фаҳмиши мустаҳками шароити корӣ, ҷойи истиқомат, музди меҳнат, хароҷот, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигар ҳуқуқҳои худ дар Британияи Кабир дошта бошанд.
Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои “Шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм, терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва фаҳмонидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва намояндагони Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ) низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд