Кормандони масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”, ҷоннок намуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳар як вохӯриву суҳбатҳо бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷониби кормандони Раёсат тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар ба кишвари Россия дуруст омода будан, донистани қонунҳои нави амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, қайди муваққатӣ, гирифтани Патент, пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, эълон намудани ҷойҳои холии корӣ дар ширкатҳои ватании кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ менамоянд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда”, ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар ватан ва Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Бояд қайд кард, ки расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндаҳо ройгон мебошад.
Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоед.
Боиси қайд аст, ки айни замон дар дохили кишвар барои дарёфти кори мувофиқ ва музди меҳнати арзанда шароиту имконияти хуб мавҷуд буда, ширкатҳои сохтмонӣ, саноатӣ, роҳсозӣ ва дигар корхонаҳои бузург, аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил» ва дигар сохтмонҳои азнавсозии шоҳроҳҳои байналмилалӣ ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе