Тибқи ҷадвали тасдиқгардида ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар фурудгоҳҳо, истгохи роҳи оҳан ва нақлиёти мусофирбар бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти кишвари Россия сафар менамоянд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо дастурамали мухтасар оиди муҳоҷирати меҳнатӣ буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи ҳайати гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он гузаронида мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират