Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳури, ки тавассути парвоз ба кишвари хориҷа сафар мекунанд, бо маром идома дода истодаанд. Инак, чунин як вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Омодагии пешакӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии ҳодисаҳои шомилшавии шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгароӣ” баргузор гардид.
Вохӯриро мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Сафаров А. оғоз намуда, ҷамъомадагонро бо мушкилотҳое, ки дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ муҳоҷирон дучор мешаванд ва чӣ тавр худро аз ин омилҳо эмин нигоҳ доштан, инчунин донистани Қонунҳои амалкунандаи нави Федератсияи Россия шинос намуд.
Қайд гардид, ки экстремизм, терроризм, миллатгароӣ бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар тамоми дунё паҳн шуда, боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, халалдор намудани сохти амнияти ҷамъиятӣ ва дигар амалҳои нангин мегардад.
Пеш аз ҳама худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо дар канор гирифтан зарур аст, зеро созмонҳои экстремистию террористӣ омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи давъатҳои таблиғотӣ истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, одноклассник, фейсбук ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намоянд .
Вобаста ба ин ба ҳозирин маслиҳатҳои муфид дода шуда, таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш намоед то мушкилоти худро на ба танҳоӣ, балки бо сафоратхонаю, консулгариҳо ва намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, диаспортҳо ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва ё дигар давлате, ки қарор доред муроҷиат намуда ҳал намоед.
Дигар масъалае, ки ба саҳми ҳозирин расонида шуд, ин ҳодисаҳои рух додани савдои одамон ва одамрабоӣ мебошад.
Қайд гардид, ки дар хориҷи кишвар ба чунин ҳолатҳо низ дучор шудан аз эҳтимолият дошта, барои пулу маблағ ва истифодабурдани қувваи кории арзон шуда гурӯҳҳои одамрабо шахсро ба ғуломӣ мефурӯшанд.
Вобаста ба ин таъкид гардид, ки бо шахсони ношинос ва шубҳанок, ки ба шумо ҷойи кори хубу маблағи калон ваъда мекунанд эҳтиёткор буда, тибқи шартнома бо корфармоёни аслӣ кору фаъолият намуда зиракию ҳушёриро аз даст надиҳед.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд, ки ба муҳоҷират меравад пеш аз сафар ҳуҷатҳои шахсии худро пурра намуда, дар шуъбаву бахшҳо ва раёсатҳои Хадамоти муҳоҷирати кишвар кушода ё маън будани вуруди худро ба мамлакате, ки сафар мекунед аз санҷиш гузаронида, бо тавсияҳои мутахассисони соҳа сафари бехатарро барои худ муҳайё намоед.
Намояндагони соҳаҳо ба мусофирон тавсияҳои муфид дода, аз ҷониби ҳозирин саволҳои сершумор дар самти омода намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, гузаштани санҷиши тиббӣ, мушкилотҳои ба амал омада бо корфармоён ва дарёфти ҷойи кори бехатар дар хориҷи кишвар, ба ҳамаи саволҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ қайд гардид, ки мо тоҷикон бояд дар ҳар суръат эҳтиёткории хешро аз даст надода, барои устувор нигоҳ доштани таъриху арзишҳои миллӣ ва истиқлолияту пешрафти ватанамон саҳмгузор бошем.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳои иловагӣ шаҳрвандон метавонанд ба Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар тамос бошанд: Рақамҳои телефон: роҳбарият: 8-3222-23601, моб;902888383, 900138010.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб