Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба кишвари Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки азми сафар ба Федератсияи Россияро доранд, расонида шуд, ки дар қонунгузории кишвари пазиранда навгонӣ ворид карда шуда, тибқи он аз 1 декабри соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки ба Россия ворид мешаванд, дар гузаргоҳи сарҳадӣ аз санҷиши дактилоскопӣ (расмиёти гирифтани изи ангушт) мегузаранд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Россия аз 7 ноябри соли 2024, №1510 дар Россия озмоиши ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳангоми ворид шудан ва баромадан аз кишвар гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи аввали озмоиш, аз 1 декабри соли 2024 то 30 июни соли 2026, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Москва (Домодедово, Шереметево, Внуково ва Жуковский), инчунин тавассути убури марз аз нуқтаи гузаргоҳи автомобилии “Маштаково”-и вилояти Оренбург меоянд, вазифадоранд маълумоти биометрӣ ва тасвири чеҳраҳояшонро ба қайд бигиранд.
Дар марҳилаи дуюм, аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026, озмоиш ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадии Федератсияи Россияро фаро мегирад. Дар ин давра барои ҳар як шаҳрванди хориҷии воридшаванда профили рақамӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин, профилро мустақилона дар барномаи “RuID” ташкил додан имкон дорад. Он ба хидматрасониҳои рақамии дигар монанд хоҳад буд ва имкони хабар додан дар бораи ташрифот ва гирифтани хидматрасониҳои гуногунро дар қаламрави Россия пешниҳод мекунад (масалан, суғуртаи тиббӣ, барасмиятдарории сим-корти мобилӣ, гирифтани навбат дар идораҳои ВКД ФР оид ба муҳоҷират).
Профили рақамӣ ба як қатор системаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Госуслуги” ворид карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар марҳилаи дуюм, яъне аз 30.06.2025 то 30.06.2026 нияти сафар ба Россияро доранд, бояд 72 соат қабл аз сафар ба Россия, бо истифода аз барномаи мобилии портали ягона дар системаи ягонаи идентификатсия ва аутентификатсия сабти ном карда шаванд ва бо истифода аз портали ягонаи мобилӣ дар шакли электронӣ ариза бобати ворид шудан ба Россия ва дар Россия будан (зиндагӣ кардан) – ро пешниҳод намоянд.
Бояд қайд кард, ки ин навоварӣ барои баланд бардоштани сатҳи амнияти соҳаи муҳоҷират равона гардидааст.
Ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, ба мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консулгариҳои он дар кишвари Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамкорӣ намоед.
Инчунин аз ҷониби масъулин ба муҳоҷирони меҳнатӣ варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират