Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар, кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба кишвари Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ доранд то 30 апрели соли 2025 идома дорад. Дар робита ба ин тавсия дода шуд, ки муҳоҷироне, ки вобаста ба ин масъала огоҳӣ надоранд, ба онҳо ин маълумот расонида шавад.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гуруҳҳои террориству экстремистӣ ва пешгирии онҳо аз бемориҳои сироятӣ маълумот манзур гардида, тавсияҳои муфид расонида шуд.
Аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағийротҳо дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини Раёсат посухҳои мушаххас гардонида варақаҳои иттилоотии Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе