Бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар Истгоҳи роҳи оҳан бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти Хуҷанд – Волгоград сафар менамуданд корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.
Зимни вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирон оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати дохилӣ баррасӣ гардида зикр карданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”.
Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд