Бо мақсади пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров якҷоя бо кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд” бо 100 нафар муҳоҷирони меҳнатие, ки тавассути қатора ба самти Волгогради Федератсияи Россия сафар доранд, корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ баргузор намуд.
Дар рафти суҳбат ба шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки дар Федератсияи Россия, марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Хотиррасон карда шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Инчунин, ба маълумоти шаҳрвандон расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд:
Дар фарҷоми суҳбат ба шаҳрвандон доир ба мавзуъ варақаҳои иттилоотӣ маърифатӣ аз ҷониби масъулин тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд