Бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар Истгоҳи роҳи оҳан бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз самти Хуҷанд ба самти Волгогради Федератсияи Россия сафар менамуданд корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Бахш доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсила чорабиниҳо мунтазам аз тарафи шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд