Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хучанд дар Истгоҳи роҳи оҳан бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз самти Хуҷанд ба самти шаҳри Волгогради Федератсияи Россия сафар менамуданд корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон кормандони Марказ оид ба тағйири иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ ва ҳуҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), гирифтани Патент, қайди муваққатӣ, доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан суханронӣ намуданд.
Инчунин ба ҳозирин дар бораи шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм суҳбатҳо намуда ба ҳар яки онҳо буклетҳо, варақаҳои иттилоотӣ-маърифатӣ тақсим намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин силсилачорабиниҳо мунтазам аз тарафи шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд