Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаи Бошқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи У. Назаров бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо доир ба хатарҳои терроризму экстремизм дар раванди муҳоҷират, пешгирии хурофотпарастӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон, ҳамзамон, тарғиби меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар мавзуъҳои доғи рӯз корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ бурданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузор намудани чунин вохӯриҳои судманд дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мунтазам баргузор карда мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон