Бо ибтикори Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳо ва ба роҳ мондани корҳои иттилоотӣ- маърифатӣ вобаста ба пешгирии ҳолатҳои сироятёбӣ ба бемории БПНМ (бемории пайдоношудаи норасоии масуният) ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, одамрабоӣ, истифодаи намудҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта дар толори Ҷамоати деҳоти Айнӣ ба роҳ монд.
Нахуст дар вохӯри мудири бахш Ғайбуллоев Б., аз вазъи ба вуҷудомадаи ҷаҳони имӯза нигарони намуд. Ба самъи ҷамъомадагон мақсади вохӯрӣ, ҳолатҳои ба гурӯҳҳои ифроти пайваст шудани ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ба бемории БПМН гирифтор шудани шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ маърӯза намуд.
Дар сухани худ иброз намуд, ки қисме аз муҳоҷирон аз надоштани саводи кофӣ ва надонистани қонунҳои будубоши кишварҳои қабулкунанда ба доми фиреби шахсони севвум афтода ҳамроҳ ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мегарданд. Ҳар як нафар ҷавон агар дорои саводи диниву дунявӣ бошад, забонҳои хориҷиро донад ба доми афродони халалрасони ҷомеъа намеафтанд.
Аз ҳамаи нафарон хоҳиш гардид, ки ба фарзандону наберагон, ба рафти таҳсили онҳо дар муассисаҳо, аз фаъолияти меҳнатии онҳо дар хориҷи кишвар доим хабардор бошед, ҳеҷгоҳ ҷавононро бе назорат нагузоред. Бе аҳамият, ки монем фарзандону наберагони мо мардуми тоҷик ба доми чунин афроди пасти хунхор меафтанд, ки оқибат ба нобудиву паси панҷара мебарад.
Масъалаи дигар бошад, ин солҳои охир зиёд ба қайд гирифта шудани бемориҳои БПНМ мебошад, ки сабабҳои асосии пайдошвии он ин асосан беаҳамият будан ва ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардан мебошад.
Ҳар яки моро лозим меояд дар пешгирӣ аз чунин ҳолатҳои ваҳшонӣ, тарбияи дурусти насли наврас, махсусан ҷавонон ҳиссагузор бошем то ояндаи ин давлату миллат танҳо ҷавононанд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ