Кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хатлон” дар байни мусофирон – муҳоҷирони меҳнатӣ, барпо намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои роҷеъ ба муҳоҷират дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, тағйирот ва навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.
Директори Маркази машваратӣ дар шаҳри Бохтар Баҳриддини Аббос дар суҳбат бо шаҳрвандон, ба он шахсоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия равонаанд, тавсия дода, иброз намуд, ки ба қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, воридшавӣ, тарзу роҳҳои гирифтани Патент, дастрас намудани полиси суғуртаи тиббӣ, гирифтани маълумотномаи тиббӣ доир ба надоштани касалиҳои сироятӣ ва тарзи супоридани тест дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин кишварро, риоя намоянд.
Дар маросими гусели муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби кормандони Марказ маводҳои иттилоотӣ шаҳрвандон таъмин гардида, аз қоидаҳои муҳоҷирати бехатар шиносоӣ пайдо намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот қайд гардид, ки шаҳрвандоне, қонунҳои будубоши кишвари Россияро вайрон менамоянд ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори он берун карда мешаванд.
Мутаассифона, имрӯзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Россия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққатан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд, боиси нигаронист.
Аз ин лиҳоз, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, алалхусус сокинони вилояти Хатлон, ки азми сафари Рсосия доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огоҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.
МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Бохтар