Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз самти Хуҷанд ба самти шаҳри Челябински Федератсияи Россия тариқи нақлиёти мусофирбар сафар менамоянд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор намуд.
Дар сӯҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, гуфта шуд, ки фаъолияти кории ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба омодагии пешакии ӯ вобастагӣ дорад.
Ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ, доир ба будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон) дар ҳудуди Россия 90 рӯзро ташкил мекунад.
Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки агар онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро барои ба кор даромадан гирифта натавонанд онҳо бояд дар муддати 90 рӯз ин давлатро тарк кунанд.
Инчунин, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), донистани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирифтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, суханронӣ намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд