Тибқи нақша – чорабиниҳо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо намояндагони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо (БПНМ) вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия тавассути нақлиёт сафар менамоянд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ, фаҳмонида шуд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ ҳамчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хизматӣ ва дипломатӣ ба роҳ монда мешавад. Агар шумо ба Федератсияи Россия бо кӯдакони ноболиғ меравед, онҳо бояд дар шиносномаи хориҷии волидайн дарҷ шуда бошанд ва шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайрқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар фарҷоми суҳбат, баромадкунандагон оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд