• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд

Migration Service by Migration Service
09.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба вазъи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия дар терминали мусофиркашонии роҳи “Абрешим”, бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба самти Федератсияи Россия тариқи нақлиёт сафар менамоянд, корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ ба диққати шаҳрвандон расонида шуд, ки  ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ  пайдо мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (ФР) низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд. 

Шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд худро то 1 апрели соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати ФР муроҷиат намуда, ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан шаҳрванд ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда (депортатсия) ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳанд.

Агар шаҳрвандоне, ки дар  руйхати мазкур қарор дошта бошанд ва ФР-ро бо хоҳиши худ тарк кардаанд, ихроҷ (депортатсия) шудаанд ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор дошта бошанд, нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад бо мақсади аз рӯйхати мазкур баровардан ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод  намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ФР қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд. Барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират tajmigration.ru ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоед.

Ҳамзамон, зимни вохурӣ вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон, гиромӣ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварда шуд, ки аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароии динӣ ва экстремистиву террористӣ худдорӣ намоянд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокдорон варақаи иттилоотии Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Нақши ВАО дар таъсирпазирии ҷомеа

Next Post

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Next Post
Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.