Имрӯзҳо кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе корҳои иттилоотӣ – маърифатиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда истодаанд.
Ҳамарӯза кормандони масъули Шуъба пеш аз ворид шудани шаҳрвандон ба толори аз қайди гумрук ва сарҳадот гузаштан, онҳо бо ҳар як сокини ҷумҳурӣ дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуда, онҳоро дубора водор месозанд, ки қонунҳои будубоши ин кишварро дидаву дониста вайрон накунанд.
Пеш аз ҳама, онҳо баъди ба қаламрави Россия ворид шудан, ҳатман гирифтани патент, иҷозаи кор, қайди муваққатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро фаромӯш накунанд, то ин ки дар қаламравӣ ин кишвар ошкоро (легально) кору фаъолият намоянд.
Мутаассифона, имрӯзҳо бо сабабҳои гуногун баъзе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ворид шудан ба ин кишвар аз ҷониби сохторҳои қудратӣ манъ карда мешаванд.
Сабаби асосии берун кардани онҳо ин вайрон намудани қонунҳои будубош дар ин кишвар мебошад.
Акнун, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия қонунвайронкунандагон ҳуқуқи аз се то панҷ сол ворид шудан ба кишвари Россияро надоранд.
Бори дигар шаҳрвандони мамлакатро таъкид карданием, ки тибқи қонунгузории нави Федератсияи Россия ҳатман аз фани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин кишвар имтиҳонот месупоранд.
Шахсоне, ки онро бомуваффақият аз худ мекунад, соҳиби Сертификат гардида, ҳуқуқи гирифтани патент, иҷозаи кор ва қайди муваққатӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар ба кишвари Федератсияи Россия ҳатман, ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, аз забон, таърих ва қонунгузории кишвари Россия имтиҳонот супорида соҳиби Сертификат гарданд.
Дар ҳолати надоштани Сертификат аз сафари меҳнатӣ худдорӣ намуда, барои дастрас намудани маълумоти мушаххас ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе