Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гурӯҳи корӣ бо сокинон, фаъолон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии ҷамоати деҳоти Кӯлканд мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара оид ба талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, тағйиротҳо ба меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, инчунин оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, таассубу тақлид ба фарҳанги бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд