Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва дигар сохторҳои дахлдори маҳаллии мақомот гурӯҳи корӣ дар ҳайати аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Зиёваддинзода С.,, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ҷӯраева Г., сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Юлдошева Ш., мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила Абдуллоева Н., мудири бахши дин, танзими ҷашну маросим Азизов Д., мудири бахши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ёдгорова Ф., бо сокинон, фаъолон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии ҷамоати деҳоти Сурх, бо иштироки 200 нафар, мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Нахуст, Зиёваддинзода С. ҳадафи баргузории мулоқотро ба иштирокдорон фаҳмонид. Дар вохӯрӣ ҳар яке оид ба мавзуъҳои гуногун ва ҳалталаби рӯз суханронӣ намуданд.
Аз тарафи сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Ахмедов М., оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои тарбияи кӯдак”, инчунин ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда дар ҶСК “НБО Роғун”, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, роҳ надодан ба нақзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандони кишвари қабулкунанда, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуд. Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд