Вохӯрии навбатӣ бо иштироки 30 нафар фаъолзанҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб оид ба мӯҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии гурӯҳҳои ифротгаро ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони ба ватан баргашта, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди коррупсия, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, доир гашт.
Мутахассиси шуъба Мухитдинова М., дар бобати масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон чунин як чорабинӣ дар ноҳияи Кӯҳистон Мастчоҳ бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд