Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Худгиф, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик, бо сокинон ва пайвандону наздикони муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарор дошта, оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, вохӯрии судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо бояд ба ғамхориҳову дастгириҳои давлату Ҳукумат ва хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузорем. Зеро масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамасола дар Паёми худ Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун яке аз масъалаи асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонӣ, таваҷҷӯҳӣ доимӣ зоҳир менамоянд.
Ҳамзамон қобили зикр аст, ки имрӯз моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта тамоми саъю кӯшишро ба он равона созем, ки шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ гардад ва ҳам тавонем онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкимӣ истиқлолиятӣ давлатӣ сафарбар намоем.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд