Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Наврӯз Ҷамоати шаҳраки Т. Ӯлҷабоев корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сатторова С., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, Бобоқулова З., мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ, Эргашева Д., сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Мамадҷонзода Ҷ,, сармутахасисиси бахш оид ба корҳои дин ва расму оинҳои мақомот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, дар ин заминаи он таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисиҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани Иди Байналмилалии Наврӯз, ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷода тақвият додани корҳои ободониву бунёдкори, созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, курсҳои касбомӯзӣ ҷавондухтарон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ таъкид намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ корманди бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Сатторова С., оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар, қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират, радикализм, экстремизм, терроризм ва савдои одамон ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд суханронӣ намуда ба иштирокдорон доир ба масъалаҳо брошюраҳо дастрас карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

