Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо КИ ҲХДТ дар ҷамоати шаҳраки Навкат бо сокинон ва аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои иттилоотию – фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Шарипова Азиза корманди КИ ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон Тоҷикистон торафт зебову шукуфон гашта ба сокинонаш шароити хуби кору фаъолият ва зиндагии осоишта фароҳам оварда шуд.
Зикр шуд, ки аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавононро месазад дар партави сиёсати Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомоти созандаро пеш гирифта, ба ҳар гуна фиребу найранг ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои руй наоваранд. Ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ватану сарзаминамон хизмат намоянд.
Дар давоми корҳои тарғиботию ташвиқотии мазкур мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия Сатторова С., оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории нави Федерасияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсия, гирифтани патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, ба самъи сокинон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд, метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025, ки рӯзҳо кам ба шумор мондааст, вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Чунин чорабиниҳои иттилоотию-фаҳмондадиҳӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Ашт баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд