Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар якҷоягӣ бо масъулини бахши кор бо ҷавонон, бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд суҳбату вохӯриҳои бамаврид ва саривақтӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ аз тарафи гурӯҳи корӣ оид ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бахусус терроризм ва экстремизм, пушидани сару либоси ба миллати мо бегона ва дигар масълаҳои ҷорӣ мулоҳизаронӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯри корманди бахши Хадамоти муҳоҷират баромад намуда диққати шунавандагонро ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷалб намуд. Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Дар ин росто фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат алайҳи он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан бонуфузтарини онҳо – Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст, иброз дошт корманди бахш.
Инчунин, ӯ афзуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Он вабои мудҳишест, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд: “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал ворид намуда, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад”. Гузашта аз ин коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Аз ин ру пешгирӣ ва мубориза бо Коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқи мемонад.
Дар ҷодаи амалӣ гаштани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, пешгирии шомилшавии аҳолӣ махсусан ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар бахши Хадамоти муҳоҷират дар давоми соли равон пайваста чораҳои ҳамешагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

