Мувофиқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ШВКД-и шаҳри Хуҷанд доир ба гузаронидани корҳои профилактикӣ – фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон бобати танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои исломии давлатҳои хориҷа, зери назорат қарор додани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи шуъбаи шиносномадиҳӣ капитани милитсия Муҳаммадзода М., бо муҳоҷирони хориҷӣ ва шаҳрвандоне, ки майли сафар ба Федератсияи Россия доранд, вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар суҳбат бо шаҳрвандон, муҳоҷирони меҳнатӣ, фаҳмонида шуд, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2015 воридшавӣ ва хориҷшавӣ, ҳамчунин убури транзитии қаламрави Федератсияи Россия аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ, хизматӣ ва дипломатӣ ба роҳ монда мешавад. Агар шумо ба Россия бо кӯдакони ноболиғ меравед, онҳо бояд дар шиносномаи хориҷии волидайн дарҷ шуда бошанд ва шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.
Зикр карда шуд, ки имрӯзҳо дар дунё ба миқдори зиёд гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ ташкил гардид, онҳо фаъолияти хешро паҳн намуда истодаанд ва мақсади асосии онҳо ин ноором намудани вазъ бо истифода аз ғояҳои экстремистӣ ва ҷалби бештари пайравон дар сартосари ҷаҳон мебошад. Дар шароити замони муосир ҳаракатҳо ва гурӯҳои ашхоси тундгаро хеле зиёд шуда, хусусиятҳои инсонбандӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гумроҳи чунин ниятҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав нагардида, ҷавононро ҳушдор созем, то ба онҳо шомил нагарданд.
Дар охир, оиди ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қабулкунанда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгири, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан, дар алоҳидагӣ иброз намуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд