Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо КИ ҲХДТ дар ноҳия дар кӯчаи Ҷомӣ ҷамоати шаҳраки Навкат ва Бозори марказии ноҳия корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, иттилотию фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур Сатторова С., – мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират, Бобоҷулова З., – мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузории чорабини мазкур ин расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар ин замина таъмини тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо, манзили истиқоматии ҳар як оила дар деҳот бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва терроризм, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва фарогирифтани занону духтарон ба курсҳои касбомӯзӣ, муҳоҷирати бехатар, риояи қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки бузургтарин неъмате, ки барои мо насиб гаштааст, ин истиқлолу озодӣ, суботи миллӣ ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъии мардум Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар боло рафта истодааст.
Ҳамзамон, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонид, ки бақайдгирии муҳоҷиратиро дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба кишвари Россия гузоранд. Барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳрванди хориҷӣ дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба Федератсияи Россия ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти минтақавии Сарраёсати ВКД ФР ё Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират (ММЦ) барои гирифтани Патент бояд супорад. Патент ба муҳлати то 12 моҳ дода мешавад ва онро тамдид додан мумкин аст. Барои тамдид додани Патент, шаҳрванди хориҷӣ бояд пешпардохти ҳармоҳаи андози патентро (НДФЛ) супорад. Дар ҳолати анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бе Патент ё шартномаи меҳнатӣ нисбати шаҳрванди хориҷӣ ҷаримаи маъмурӣ муайян карда мешавад ва ӯ ба муҳлати 5 сол аз Россия хориҷ карда мешавад.
Инчунин, зимни вохӯрӣ оид ба хатару таҳдидҳои замони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ, гурӯҳҳои радикалӣ, террористиву экстремистӣ, муборизаи дастаҷамъона бо зуҳуротӣ номатлуби коррупсия, дӯст доштани фарҳанг, таърих ва арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик, ҳифзи расму оин ва анъанаҳои миллӣ дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳию иттилоотӣ ҳамрӯза гузаронида шуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки чунин як чорабинӣ байни занҳо дар Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд