Санаи 19 марти соли равон, дар синфхонаи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе озмуни ҷойи холии корӣ дар ширкати “Ал-Ҷассур”-и Давлати Қатар ба шакли маҷозӣ бо намояндаи ширкати мазкур баргузор гардид.
Тавре аз Марказ иттилоъ доданд, дар озмун шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо сину соли аз 20 то 39 сола ва донандагони забонҳои англисӣ ва арабӣ иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки довталабони интихобшуда, аз ҷониби корфармо дар ширкати номбурда бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкати мазкур ба ҳайси чорвопарвар (животновод), пешхизмат (официант), фурӯшанда (продавец) ва хазинадор (кассир) фаъолият намуда, аз ҷониби ширкати мазкур раводиди корӣ (виза), ҷойи хоб, се вақт хӯрок, харидории чиптаи ҳавопаймо (билет), либоси корӣ, корти нақлиётии ройгон ва хизматрасонии тиббӣ дода мешавад.
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар ширкати болозикр фаъолият карданро доранд, метавонанд ба Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷират, муроҷиат намоянд.
Рақамҳо барои тамос: 225-05-75; 225-02-21.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират