• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия ба ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони алоҳида зарари калон мерасонад

Migration Service by Migration Service
04.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия ба ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони алоҳида зарари калон мерасонад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Яке аз муаммову мушкилоти глобалии тамоми кишварҳо дар дунёи имрўз фасод ва зарурати таҳияи тадбирҳои мухталиф барои муқобилат бо ин падида маҳсуб меёбад. Ҳар касе, ки даст ба қудрат дораду захираҳои тааллуқнадоштаро ихтиёран тақсим мекунад, ба фасод дастзада маҳсуб меёбаду фасодкор ном мегирад. Баробари рушди тадбирҳои бонизоми мубориза бо фасод (коррупсия) кормандоне пайдо шуданд, ки тавонистаанд, даромади худро аз ҳисоби давлат бо кўшишу меҳнати андак пур карда бошанд. Коррупсия ба ҷомеа, давлат ва шаҳрвандони алоҳида зарари калон, ҷуброннопазир мерасонад ва ин нуқтаро бисёриҳо намефаҳманд ё хоҳиши фаҳмидану ислоҳ кардан надоранд.

Коррупсия дар асл аз шахси мансабдор харидани иҷозат барои чизест, ки давлат манъ кардааст. Давлат бар зидди коррупсия бо роҳи ба ҷавобгарӣ кашидани ҳам порагирандагон ва ҳам порадиҳандагон мубориза мебарад. Коррупсия инчунин аз он бармеояд, ки баъзан додани ришва назар ба додани пули зарурӣ ба мақомоти муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунанда осонтар аст. Пас, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ришва вуҷуд дорад ва ба касе пӯшида нест, ки додани пора аз додани боҷу андози давлатӣ фоиданоктар аст. Қобили тазаккур аст, ки “қоғазбозӣ” -ву расмиятчигӣ, сабабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ (маоши кам, боҷу андозҳои калони гумрукӣ, имтиёзҳои гуногун дар ҳолатҳои муайян, сўистеъмол аз унвону мансабу вазифаҳои давлатӣ) барои ривоҷи коррупсия шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар шароити имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид дар ин самт баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул карда шудааст. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур аз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола санаи 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” пазируфта шуд.

Илова бар ин, сабаби дигари фасод он аст, ки муносибатҳои расмии давлат бо сохторҳои ғайридавлатӣ, ки дар асоси қонунҳое пешбинӣ шудаанд, кори дурусти системаи идоракунии давлатро пурра карда наметавонанд. Яке аз чунин намудҳои муносибатҳои ғайрирасмӣ фасод мебошад.

Мубориза бо коррупсия фаъолияти ҳамҷояи мақомоти қудратӣ, мақомоти давлатии вилояту шаҳру навоҳӣ, органҳои маҳаллӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту шахсони алоҳида оид ба пешгирии коррупсия, таъқибу дастгир кардани ҷинояткорон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва бартараф кардани оқибати он маҳсуб меёбад. Ҷомеаи байналмилалӣ зери мафҳуми корупсия чӣ андеша дорад? Дар ин ҷо низ равшанӣ ва дурустии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Ҳуҷҷати заминавии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муборизаи байналмилалӣ бар зидди коррупсия қайд мекунад: “Коррупсия – суиистеъмол кардан аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаву имтиёз барои манфиати шахсӣ”. Аз ин таъриф бармеояд, ки коррупсия додани пора барои шахси мансабдор аз мавқеи “шахси қарздор” барои соҳиб шудан ба ин ё он вазифа ва ё азхуд кардани маблағҳои давлатӣ барои манфияти шахсони алоҳида мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Ваҳдати мардум, ватандӯстии ҷавонон асоси мубориза бо фасод буда, паст кардани сатҳи фасод қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Чорабиниҳои иттилоотӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Next Post

Муборизаи баҳри пешгирии кирдорҳои ғайриинсонӣ

Next Post
Муборизаи баҳри пешгирии кирдорҳои ғайриинсонӣ

Муборизаи баҳри пешгирии кирдорҳои ғайриинсонӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.