Коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир буда, ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ, иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамчун идоракунии далатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои мусоидаткунанда сол то сол ҷиддитар мешавад. Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза ба коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.
Аз ҷумла соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро қабул намуд ва ӯҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба ин конвенсия мутобиқ намояд ва мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия таъсис диҳад.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои баӣналмилалӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ, сарфаю истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 дар заминаи Полиси андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат бо коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Дар партави ин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати муқовимат бо коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок амалӣ намуданд, дар ҳамаи ташкилот, корхона, муассиса ва донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи мамлакат вохӯриву мулоқотҳои судманд, аз ҷониби масъулони Агентии мазкур ва дигар мақомотҳои қудратии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии бо мақсади пешгирӣ аз ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ ва расидан бо фаъолияти коррупсионӣ ва расидан ба ҳадафҳо барномаҳо қабул кардаанд.
Мирзозода М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон