Яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин ҳодисаҳои коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгӯӣ истифода бурдан аз вазифа ва суистифода кардан аз ваколатҳои ҳуқуқӣ-давлатӣ мебошад.
Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд, ки “Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.” Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар доираи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” пеш бурда мешавад. Дар ин самт мо бояд аҳли ҷомеаро хушдор намоем, ки ба доми шахсони ришваситону порахӯру судхӯр наафтанд.
Дар замони имрӯза яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеаи мамлакатро муқовимати фаъол бо коррупсия ташкил медиҳад. Дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида мешавад, ки як қисми одамон зиндагии хеле оддӣ доранд ва ҳамеша кӯшиш бар он мекунанд, то аз роҳи ҳалолу дуруст ризқу рӯзӣ ба даст оваранд. Аммо дар қатори чунин инсонҳо боз нафаронеро ҳам мушоҳида мекунем, ки дорои сарвати зиёданд, аммо ба ин кифоят накарда, даст ба амалҳои коррупсионӣ ва аз худ намудани манъбаҳои давлативу ҷамъиятӣ мезананд. Аз ин рӯ, тарбияи руҳияи қаноатпешагӣ барои ҷомеаи мо метавон хеле муҳим бошад.
Коррупсия чун зуҳуроти таърихӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ сабабҳои зиёди пайдоиш дорад ва яке аз онҳо якҷояшавии ҳокимият бо иқтисодиёт мебошад, ки миллату давлати мо низ дар таърихи мавҷудияти худ онро паси сар намудааст. Он дар солҳои ҳокимияти шӯравӣ боз ҳам амиқтар гашта буд, чун имконияти дахолати давлатӣ ба равандҳои иқтисодӣ барои аз салоҳиятҳои маъмури гирифтани фоидаи шахсӣ ҳамеша шароитҳои муносибро ба хизматчии давлатӣ ба равандҳои иқтисодӣ барои аз салоҳиятҳои маъмури гирифтани фоидаи шахс ё ҳамеша шароитҳои муносибро ба хизматчии давлатӣ фароҳам меоварад.
Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳоти низоми идоркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кам кардани шумораи вазоратҳо, муттаҳидсозии функсияҳо, таҷдиди назари салоҳиятҳои онҳо, маҳдуд кардани дахолати давлат ба иқтисодиёт мебошад. Сабаби дигаре, ки барои коррупсия заминаҳои мусоид фароҳам меоварад, ин шаклҳои нави бозори батанзимдарорандаи давлатии иқтисодиёт бо роҳҳои иҷозатномадиҳӣ, гузаронидан аз қайди давлатӣ, сертификатсия, харидории давлатӣ, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ имконияти ихтиёрдории захираҳои табиию энергетикӣ ва ғайраҳо мебошад. Сатҳи нокифояи таъминоти модди хизматчиёни давлатӣ, камназоратии фаъолияти онҳо аз тарафи давлату ҷомеа, номукаммалии қонунгузорӣ дар баъзе қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ мавҷуд будани “сӯрохиҳо” ва меъёрҳое, ки барои коррупсия имкониятҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд, ба паҳншавии коррупсия мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ коррупсияро яке аз зуҳуроти хафноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намудааст. Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустин ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт шуруъ намудааст. Ҳанӯз 21 июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия” қабул гардида, дар он самтҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикорркпсионӣ муайян карда шудаанд. Ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар карадни ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо заминаҳои боэътимод фароҳам меоварад.
Албатта, агар инсон бо роҳи дурусту қонунӣ ва ҳалолу покиза соҳиби дороӣ гардад, боке нест. Вагарна даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва суистифода аз мақом барои худ бунёд намудани шароити бодабдаба рӯзе ба зиндагии онҳо халал ворид намуда, боиси парешонхотирии волидону хешу ақрабо хоҳад шуд. Аз ин рӯ, баҳри ташаккул додани соҳаҳои гуногун ва беҳтару хубтар шудани сатҳи зисту зиндагонӣ ва фаъолияти босамари аҳолӣ мо низ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ҳама дастҷамъона паи ислоҳ ва бартараф намудани ин камбудиҳои ҷойдошта камар бандем.
Бобокалонова З,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон

