Дар шароити ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоиву сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори давлатҳо таъсири манфии амиқ мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор набуда, масъалаи муқовимат ба коррупсияро ба ҳайси самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Бо дарназардошти аҳамияти масъала, дар кишвар як қатор қонунҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои зиддикоррупсионӣ таҳия ва татбиқ гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо ин падида тақвият дода шудаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пешрафти ҷомеа мебошад ва барои рафъи он бояд тамоми омилу сабабҳои зуҳури ин падида ҳамаҷониба омӯхта ва таҳлил карда шаванд. Ин нукта аҳамияти илмӣ ва амалӣ дошта, зарурати ҷалби тамоми қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза бар зидди фасод таъкид менамояд.
Аз нигоҳи илмҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, коррупсия на танҳо қонуншиканӣ, балки шакли махсуси муносибатҳои иҷтимоиест, ки дар натиҷаи коста гардидани арзишҳои ахлоқӣ, тағйирёбии меъёрҳои рафтори ҷамъиятӣ ва суст гардидани назорати институтсионалӣ ба вуҷуд меояд. Дар шароити дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва маъмурӣ, агар низоми идоракунии давлатӣ шаффоф ва ҷавобгӯ набошад, эҳтимоли пайдоиши омилҳои коррупсионӣ меафзояд.
Бояд таъкид намуд, ки бадтарин паёмади коррупсия танҳо зарари иқтисодӣ нест, балки коста гардидани эътимоди шаҳрвандон ба адолат, баробарӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ мебошад. Вақте ҷомеа ба қонун ва сохторҳои давлатӣ бовар надорад, замина барои ноустувории иҷтимоӣ фароҳам мегардад.
Аз ин рӯ, пешгирии коррупсия бояд самти асосии фаъолияти давлат ва ҷомеа бошад. Пешгирӣ нисбат ба ҷазо самараноктар буда, тадбирҳои зеринро дар бар мегирад: таҳкими волоияти қонун ва назорати қатъии иҷрои он; баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон; таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ; такмили низоми интихоб ва таъини кадрҳо бо асоси касбият ва поквиҷдонӣ; ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои коҳиш додани омилҳои инсонӣ дар равандҳои маъмурӣ; тақвияти тарбияи ахлоқӣ ва масъулиятшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Муқовимат ба коррупсия вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки рисолати умумимиллӣ мебошад. Танҳо бо ҳамоҳангии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити илмӣ метавонем заминаҳои зуҳури фасодро маҳдуд намуда, барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва рушдёбанда шароити мусоид фароҳам созем.
Шарафова Шоира,
Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

