• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа

Migration Service by Migration Service
24.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Дар замонҳои қадим “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда ва зараррасонанда маънидод шуда, афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Маҳз иродаи қавии Пешвои муаззами миллат ҳамчун сарчашмаи асосии ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, 21-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот 10-уми декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид.

Қобили зикр аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ин бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба сифати мақоми махсусгардондашудаи муқовимат ба коррупсия шуруъ аз 10-уми январи соли 2007 фаъолият дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода, онро зуҳуроти номатлубе медонанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».

Муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ хавфи воқеии онро дар таъмини инкишофи минбаъда дарк намуда, мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод.

Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардидани кишвари мо аз иқдом ва қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари ин зуҳуроти номатлуб Љумњурии Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Милали Муттаҳидро ба имзо расонда, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд.

Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд. Дар асоси ин Стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Ва соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дигари барномавӣ – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) тасдиқ карда шуд.

Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия дарак медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон карда шудааст. Албатта, мавҷудияти иродаи сиёсии муқовимат бо коррупсия заминаи муҳиме барои равона намудани тамоми нерӯ ва зарфиятҳо дар ин самт мебошад. Иродаи сиёсии сарвари кишвар дар самти муқовимат бо коррупсия метавонад муттаҳидсозандаи субъектҳои зиддикоррупсионӣ дар атрофи ҳадафи ягона поён бурдани сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон гардад. Бо амалӣ намудани ин ирода ҷомеаи мо метавонад тадриҷан ба паст намудани сатҳи мушкилоти коррупсия мушарраф гардад.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Файзобод

Next Post

Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Next Post
Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.