Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши коррупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуданд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад». Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.
Коррупсия аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад, ки садди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд бар зидди он дастҷамъона мубориза барем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли сипаригашта чунин баён доштанд: «Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ба роҳ монда шаванд.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе