Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб имрӯз боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар аъзои ҷомеа зарари назарраси моддиву маънавӣ мерасонад.
Вазифаҳои асосии пешгирӣ аз муқовимат ба коррупсия аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҷамъияту давлат аз коррупсия, амали сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия ва ҳамкори бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад.
Коррупсия яке аз масъалаҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он сади роҳи рушди инкишофи давлатҳо мегардад. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳид, зиддикоррупсия қабул гардида, санаи 9-уми декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзо гузоштанд. Ҳамин тавр бо ташаббуси Созмони Милали Мутаҳид ҳамасола 9-уми декабри хамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия қайд карда мешавад.
Дар қатори дигар чорабиниҳое, ки барои муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое мебозад, ки онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати огоҳсозӣ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд. Зеро ошкор кардани сарчашмаи пайдоиши хавфҳои коррупсионӣ ва омилҳои бавуҷудоварандаи он, мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб мушкил мегардад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни вохурӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳануз дар аҳди бостон калимаи “Коррупсия” ба ислоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтор истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афродӣ ба чунин амал даст зада, дар ҳамон давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар кишвари мо ин раванд бо таҳияи маҷмуи ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирӣ, ошкору бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ташкили муборизаи судманди он равона шудаанд. Вазифаҳои асосии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҷамъияту давлат аз коррупсия, амали сохтани асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирӣ ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқовимат ба корупсия, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар самти муқовимат ба коррупсия ва ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад.
Коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои глобалӣ ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳар як аъзои ҷомеа зарари назарраси моддиву маънавӣ мерасонад. Албата бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ин раванди зидди фасод дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли фарҳангу адаб, чун адибону шоирон, коргардонҳо ва аҳли кормандони фарҳанг нақши муҳим гузошта метавонанд дар зеҳни мардум афкори зиддикоррупсиониро бедор намоянд. Агар ҳар як шаҳрванд ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона дар ин самт саҳмгузор бошем, то як андоза мо метавонем шидати коррупсияро дар ҷомеаи имрӯза паст созем.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгу қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимилии Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд.
Солиев М,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод