Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб меравад

Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Ҳамзамон, бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ва дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини соҳибихтиёрии давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати мубориза бо ин падидаи номатлуб тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиро дар кишвар фароҳам овардааст.

Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Набояд фаромӯш сохт, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.

Дар қонунгузории амалкунандаи кишвар мафҳуми коррупсия ба таври мушаххас дода шудааст, ки ҳолати мазкур аз лиҳози санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври дахлдор эътибори зарури дода шуданро дар ин самт нишон медиҳад. Албатта, барои дақиқан мавриди таваҷҷуҳ ва омўзиш қарор додани масъалаҳо вобаста ба коррупсия бояд мо дар мадди аввал худи мафҳуми мазкурро ба таври пазируфташуда муайян намоем.

Мафҳуми расмии коррупсияро мо аз қонунгузории амалкунандаи муқовимат бо коррупсия дарёфт карданамон мумкин аст: Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

Аз мафҳуми зикршуда маълум мегардад, ки дар баробари дигар хатарҳои сатҳи давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ коррупсия низ яке аз амалкардаҳои хатарнок барои рушди маънавӣ ва моддии тамоми ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир бояд ба таври бетаъхирона нисбат ба решакан намудани ин раванди махсусияти манфидошта муборизаи беамонро роҳандозӣ намуд.

Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сўистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии аҳолӣ халалдор менамуд.

Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб эътимоду боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои ҷаҳон аз байн бурда, пояҳои давлатдориро коста мегардонад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ манфиати давлату ҷамъият мадди назар гардида, иқтидори идоравии давлат ва дигар унсурҳои миллӣ аз байн мераванд. Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояте мешуморад, ки он на танҳо обуруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилалӣ заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.

Шарипов Тоҳир,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо