• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа

Migration Service by Migration Service
16.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Коррупсия – зуҳуроти номатлуби ҷомеа
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯзҳо мушкилоти коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонад. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлати азизамон, Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад.                                         

Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иктисодӣ дар мамлакати мо муқовимат бо коррупсия ҳам дар системаи ҳокимияти давлатӣ ва чи дар қисмҳои алоҳидаи он эълон карда шудааст. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва барномаҳои гуногун қабул карда шудааст.

Мусаллам аст, ки баъди ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”, яъне аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва аз 3 августи соли 2021, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул карда шуданд.                                                                

Принсипҳои асосии Стратегия аз инҳо иборат мебошанд: қонуният; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ошкорбаёнӣ ва шаффофият; ба назар гирифтани афкори ҷомеа; эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; истифодаи маҷмуи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.

Ҳамин тариқ, такмили корҳои зиддикоррупсионӣ бояд ба татбиқи ҳамаҷонибаи тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва молиявӣ алоқаманд бошад, ки таҳияи механизмҳои заруриро таъмин карда, татбиқи он имкон медиҳад, ки барои тағирёбии куллӣ вазъият дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ заминаҳои ҷиддии мусбатро фароҳам биёрад.

Кабиров Шаҳриёр,

Мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Баргузории вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.