Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ном гирифта, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф шудааст.
Муқовимат бо коррупсия бевосита амали дастаҷамъона буда, набояд онро танҳо ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ва решакан намудани он борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидҳои судманд намуда буданд. Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон таъкид дошта буданд, ки: “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади қавӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ бо коррупсия якчанд санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдор аз қабили барномаву стратегияҳо қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд. Махсусан, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шурои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуда, амал менамоянд.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе