Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”-и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ аз ҷониби дафтари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотҳои техникӣ дастрас гардид.
Ин таҷҳизотҳо аз қабили ноутбук, планшет, буклетҳо ва папкаҳо барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳое, ки Марказҳои машваратӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод менамояд, пешбинӣ шудааст.
Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо бо намояндаи дафтари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Линклотер масъалаи супоридани таҳҷизотҳои техникӣ баррасӣ шуд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳадаф ин амалӣ намудани танзими Стратегияи равандҳои муҳоҷират то соли 2040 буда, омӯзиши забон, қонунгузорӣ, фарҳанг ва омодагии пеш аз сафари шаҳрвандони мо, ки барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунанд, мебошад.
Дар мулоқот хонум Элизабет Линклотер ба Нодирзода Иматшо иброз намуд, ки дафтари Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмдори фаъоли соҳаи муҳоҷират дар кишвар мебошад.
Роҳбарияти дафтари Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), тасмим гирифт барои боз ҳам чоннок намудани фаъолияти МД “Марказҳои машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар” – и Хадамоти муҳоҷират дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ таъмини онҳо бо таҳҷизотҳои техникӣ, кӯмак намуд.
Ин имкон медиҳад, Марказҳои машваратӣ фаъолияти худро беҳтар намуда, саъю кӯшиши худро баҳри кӯмак намудан ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, дар омода намудани онҳо пеш аз сафар ба кишварҳои хориҷа мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират