• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Либоси миллӣ — шиносномаи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ

Migration Service by Migration Service
22.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Либоси миллӣ — шиносномаи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.

Дар ҳақиқат пӯшидани куртаи атласу адрас набояд либоси мавсимӣ бошад ва ба бар кардани он набояд дар арафа ва давраи баргузории иду ҷашнҳо ва илова бар ин бо супориши мақомот сурат бигирад, балки он бояд либоси рӯзмарраи ҳар зани тоҷик бошад. Либоси атласу адрас бешак ҳам ба зани роҳбару соҳибкор зебанда асту ҳам ба олиму омӯзгор ва ҳам ба донишҷӯву хонандаи мактаб.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд. Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кутоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд.

Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

Модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд  атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.

Тошмухамедова Шаҳноза,

Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Идомаи вохӯриҳо дар ноҳияи Қубодиён

Next Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Бохтар

Next Post
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Бохтар

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Бохтар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.