Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шуд

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб», ки ба зимаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст вобаста гардида буд, пурра аз таъмир бароварда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар Литсейи номбурда чанд маротиба ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи аз таъмири асосӣ баровардани толорҳои варзишӣ ва маҷлисгоҳи муассиса баррасӣ гардида, имрӯз бошад пурра таъмир ва рангу бор намудани бинои муассиса ба итмом расид. Ин як туҳфаи беҳтарин барои донишҷӯён мебошад, ки ҳамаи ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии кишвари азизамон ва соҳибкасб намудани ҷавонон мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ба «Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб» барои беҳтар кардани таъминоти моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тавассути истифодаи аёнии таҷҳизоти муосир 5 адад компютер ва 3 адад принтер ҳамчун туҳфаи хотирмон расонида шуд.

Мо бояд эълон шудани солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат»-ро ба инобат гирифта, бо хониши аъло, интизоми намунавӣ ва азхудкунии касбу ҳунари рақобатпазир дар самти саноати пешрафтаи ҷаҳонӣ кӯшишу ғайрат намоем.

Хадамоти муҳоҷират дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва ободкорию созандагӣ минбаъд низ чашмрас боқӣ мемонад.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо