Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва мушкилоти вобаста ба будубош дар қаламрави Федератсияи Россия, Хадамоти муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки қоидаи нави будубош тибқи қонуни Федеролии № 260-ФЗ аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 амал намуда истодааст.
Маънои принсипи 90/365 дар чист?
Мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия:
• шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави Россия қарор дошта бошанд;
• соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад;
• шумораи рӯзҳои будубош дар Россия дар давоми сол ҷамъ карда мешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад.
Муҳим аст донистанд, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад.
Тартиби ҳисобкунии рӯзҳо
• Ҳар як рӯзи ҳузури Шумо дар Федератсияи Россия, новобаста аз мақсади сафар, ба ҳисоби рӯзҳои будубош дохил мешавад;
• Рӯзҳои ворид шудан ва хориҷ шудан аз кишвар низ ҳамчун рӯзи будубош ҳисобида мешаванд;
• Агар дар як соли тақвимӣ 90 рӯз пурра истифода шуда бошад, шаҳрванд вазифадор аст қаламрави Федератсияи Россияро тарк намояд.
Оқибатҳои вайрон кардани қоидаи 90/365
Дар сурати зиёд шудани муҳлати иҷозатдодашудаи будубош:
• нисбат ба шаҳрванд метавонад ҷарима татбиқ гардад;
• қарор дар бораи хориҷкунии маъмурӣ қабул карда шавад;
• инчунин мумкин аст манъи воридшавӣ ба Федератсияи Россия барои муҳлати муайян муқаррар гардад.
Чӣ гуна мумкин аст аз 90 рӯз бештар дар Россия буд?
Агар Шумо ният дошта бошед, ки дар Федератсияи Россия зиёда аз 90 рӯз бимонед, зарур аст яке аз мақомҳои қонунии зеринро сари вақт ба расмият дароред:
• гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ;
• таҳсил дар донишгоҳи аккредитатсияшуда дар назди мақомоти давлатии ФР;
• гирифтани иҷозатномаи муваққатии иқомат (РВП);
• гирифтани иҷозатномаи доимии иқомат (ВНЖ).
Дар сурати доштани яке аз ин мақомҳои ҳуқуқӣ, маҳдудияти 90 рӯз татбиқ намегардад.
Тавсияҳои муҳим
- Пеш аз анҷоми 90 рӯзи будубош ҳолати ҳуқуқии худро санҷед;
- Ҳуҷҷатҳои лозимиро пешакӣ ба расмият дароред;
- Қоидаҳои муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоед, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ эмин бошед.
Маълумоти мазкур бо мақсади огоҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод гардида, барои истифодаи иттилоотӣ тавсия дода мешавад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
