• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Маълумотнома оид ба барномаи “Амина” ва тарзи истифодабарии он

Migration Service by Migration Service
30.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Маълумотнома оид ба барномаи “Амина” ва тарзи истифодабарии он
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

«Амина» барномаи мобилӣ барои баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он дар доираи як таҷриба мебошад. Ин барнома аз ҷониби мақомоти вилоят ва шањри Москва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия таҳия шудааст.

Мақсади асосии барномаи «Амина» ин таъмин намудани интиқоли автоматикӣ ва пайвастаи маълумот дар бораи ҷойгиршавии муҳоҷир ба системаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия мебошад. Ин падида имкон медиҳад, ки љойгиршавии шањрвандони хориљиро дар воќеъ таҳлил намояд – оё ҷойгиршавии воқеии шаҳрвандони хориҷӣ бо суроғае, ки ҳангоми сабти ном нишон дода шуда буд, мувофиқат мекунад ё не!? Агар маълумот мувофиқат накунад, ин ҳамчун қонуншиканӣ сабт карда мешавад.

Вазифаҳо ва имкониятҳои барнома:

Ҷамъоварии автоматии маълумоти ҷойгиршавӣ (геолокация);

Огоҳкунии корбар дар бораи зарурати тасдиқи суроғаи зист ё хабар додан дар бораи тағйирёбии он, агар маълумот зиёда аз се рӯзи корӣ навсозӣ нашавад;

Дар оянда имкони пардохти маблаѓи патент, сабти вақти қабули муҳоҷир дар маркази муҳоҷират ва дигар хизматрасониҳо;

Аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи «Амина» барои муҳоҷирони меҳнатии бидуни раводид, ки ба Москва ва вилояти Москва меоянд, ҳатмӣ гардид;

Аз 1 сентябри соли 2026 ин талабот ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷии бидуни раводид, ки ба Россия барои зиёда аз 90 рӯз меоянд, низ татбиқ мегардад.

Истисно:

Муҳоҷирони ноболиғ (то 18 сола);

Дипломатҳо ва кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ бо аъзои оилаи онҳо.

Тарзи сабтиномшавӣ ба барномаи «Амина»:

Дастгоҳи мобилии худро омода созед – барномаи “Амина” дар мағозаи барномаҳои расмии Россия дастрас аст (масалан, RuStore) ва соли 2025 барои системаҳои Android ва Harmony OS пешниҳод шудааст.

Барномаро зеркашӣ ва насб кунед.

Авторизатсия (вход) кунед – барои ин метавон картаи хориҷии шаҳрвандӣ (русс. карта иностранного гражданина) истифода бурд, ки дар маркази муҳоҷирати Маркази сершуғли муҳоҷирати шаҳри Москва «Сахарово» офарида мешавад. Агар корт гум ё ин ки вуҷуд надошта бошад, метавон бақайдгириро бо маълумоти шиносномаи худ гузаронд.

Суроғаи зистро нишон диҳед – дар барнома лозим аст суроғаеро нишон диҳед, ки шумо дар он зиндагӣ мекунед (суроғаи хобгоњ ё макони зист). Агар суроғаи шумо тағйир ёфт бояд дар барнома хабар диҳед.

Иҷозат барои ҷамъоварии макони зист – барнома ба таври автоматӣ ҷойгиршавии шуморо (русс. геолокация) медиҳад ва ин дар ҳисоботи муҳоҷиратӣ истифода мешавад.

Назорат кунед, ки барнома кор мекунад – агар маълумот оид ба макони ҷойи зист дар давоми зиёда аз 3 рӯзи корӣ фиристода нашавад, барнома метавонад огоҳ кунад ва ё шуморо аз ҳисоби муҳоҷирон хориҷ намояд.

Оё агар «Амина» бошад, аз қайди коғазӣ гузаштан лозим ҳаст?

Не. «Амина» гузаштан аз қайди коғазиро иваз мекунад. Муҳим он аст, ки геолокатсия фаъол бошад ва маълумот тасдиқ шуда бошад. Агар геолокатсия хомӯш бошад, метавонад аз қайд хориҷ кунад.

Оё тавассути «Амина» қайдро тамдид кардан мумкин аст?

Бале. Тамдид ба таври худкор сурат мегирад. Аммо агар барнома мушкил дошта бошад ё шумо суроғаи худро иваз кунед, беҳтар аст ба ВКД ё ба тарафи қабулкунанда муроҷиат кунед.

 Чӣ тавр кӯдакон ё аъзои оиларо дар «Амина» илова кардан мумкин аст?

Дар барнома амали «Илова кардани аъзои оила» вуҷуд дорад. Агар он кор накунад, қайди кӯдаконро беҳтар аст тавассути МФЦ ё ВКД ба расмият медаровардед.

Муҳим: Агар шумо хоҳед, ки дар шањри Москва ё вилояти Москва кор кунед, аввал ба маркази «Сахарово» муроҷиат кунед ва «корти шаҳрванди хориҷӣ» гиред.

Маслиҳат: Скриншоти огоҳиномаҳои барномаро нигоҳ доред – ин тасдиқкунандаи қайди шумо ба шумор меравад.

Оё ба донишҷӯён насб кардани барномаи «Амина» лозим аст? Агар ман донишҷӯ бошам ва тасодуфан дар он ҷо ба қайд гирифта шуда бошам, чӣ кор кунам?

 Не, барои донишҷӯён «Амина» лозим нест. Ин барнома танҳо барои муҳоҷироне истифода мешавад, ки барои кор ба Москва ва вилояти Москва меоянд. Агар шумо донишҷӯ бошед ва тасодуфан ба қайд гирифта шуда бошед, ҳеҷ мушкиле нест – фақат вазъияти худро дар шуъбаи ВКД дар ҷойи таҳсил ё истиқомати худ мушаххас кунед.

Previous Post

Нагузорем, ки дар зеҳну тафаккури ҷавонон равияҳои ифротгаро ҷой дошта бошанд

Next Post

Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Next Post
Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.