Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ин коста гардидани маърифату худогоҳии бархе ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ буда, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд шудани майли ҷавонон ба арзишҳои бегона мебошад.
Терроризм ва экстремизм падидаҳои номатлуби замони муосир буда, он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин даст дорад. Барои ба ҳадаф расидан аксар ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахс таъсир расонида, мардумро бовар мекунонанд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ҳамин гуна роҳу воситаҳо мехоҳанд дини мубини исломро барои ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Тариқи шабакаҳои интернетӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои таъмини сулҳу субот равона шудааст, мавриди иттиҳом қарор медиҳанд.
Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд. Ин зуҳуроти номатлуб аллакай хислати ҷаҳонӣ пайдо намуда, пеши роҳи онро гирифтан басо мушкил шуд.
Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро пайдарпай ба вуҷуд оварда, боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, инчунин, боиси хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мегарданд.
Ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифрогароӣ муборизаи беамон барад. Ба наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки муттаҳид бошему ба иғвои он хоинон дода нашуда, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то мамлакати биҳиштосои худро аз дасисаҳои душман эмин нигоҳ дорем. Ҳар кори аз дастамон меомадаро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагӣ сафарбар кунем, ҳеҷ хатаре ба амният ва арзишҳои маънавии миллати бебаҳои мо таҳдид накунад.
Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, ҷавонон намояндагони сазовори миллати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дарк намоянд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву ватандорӣ, хештаншиносӣ ва бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ моро водор месозад. Ба таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

