• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ман ба Шумо сулҳ меорам!

Migration Service by Migration Service
01.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ман ба Шумо сулҳ меорам!
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърихи куҳандиёри тоҷикон пур аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидааст. Дар баробари соҳибистиқлол шудан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид ва дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад.

Дар ҳамин давра, марди далеру фарзонаи миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсии кишвар бо шиори таърихии худ қадам гузошт: ”Ман ба Шумо сулҳ меорам!”

Хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое буд, ки дар оғози давлати тозаистиқлолаш ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии сангин гирифтор шуд. Солҳои 1992–1997 барои халқи тоҷик, солҳои озмоиши азими таърихӣ буданд. Дар чунин вазъияти душвор, зарурати пайдо кардани раҳбари қавиирода, хирадманд ва мардумї  беш аз пеш эҳсос мешуд.

 Аз лаҳзаҳои нахустини роҳбариаш, Пешвои миллат бо иродаи устувор, сиёсати хирадмандона ва дастгирии халқ бар муқобили ҷанг, парокандагӣ ва бесуботӣ мубориза бурд. Ӯ сулҳро на ҳамчун созишномаи расмӣ, балки ҳамчун як фарҳанг ва арзиши миллӣ қабул кард ва барои ноил шудан ба он тамоми тавоноии сиёсӣ, дипломатӣ ва шахсии худро сарф намуд.

Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ, гуфтугӯҳои мураккаб ва хатарҳои ҷонӣ барои худи Президент буд. Ин сулҳ на танҳо ҷанги бародаркушро хотима бахшид, балки асоси як давраи нави рушди устувори Тоҷикистонро гузошт.

Дар солҳои минбаъда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба мамлакати ором, пешрафта ва дар ҳоли рушд мубаддал гардид. Барқарорсозии деҳот, бозсозии инфрасохторҳо, ба фаъолият оғоз кардани мактабҳо, беморхонаҳо, роҳҳо ва барномаҳои миллии рушди иҷтимоӣ — ҳама баёнгари нақши беандозаи Пешвои миллат дар сулҳу субот мебошанд.

Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фарҳанги ваҳдат, сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар ва ҳамзистиро ба як бахши муҳими шинохти миллӣ табдил диҳад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор

Next Post

Истиқлол –  пурарзиштарин дастоварди давлату миллати фарзонаи халқи тоҷик

Next Post
Истиқлол –  пурарзиштарин дастоварди давлату миллати фарзонаи халқи тоҷик

Истиқлол –  пурарзиштарин дастоварди давлату миллати фарзонаи халқи тоҷик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.