• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Манфиат ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир

Migration Service by Migration Service
20.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Манфиат ва арзишҳои миллӣ дар замони муосир
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони ҳозира масъалаи амнияти иттилоотӣ, ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо аз паҳлуҳои муҳими амнияти миллии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо ва муборизаи геополитикии давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ҳамчунин, ҷаҳони муосир ба муаммоҳои терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва муаммоҳои экологӣ дучор гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи замони муосир қудрати як давлат намерасад ва аз ин ҷо муттаҳидии давлатҳои ҳамҷавор ва минтақаҳои бузург зарур аст.

Истиқлоли давлатӣ имконияти фарохро баҳри амалӣ кардани манфиатҳои миллии давлат шароит фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибати байналхалқӣ узвияти хешро дар як қатор созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дорад. Дар марҳилаи соҳибистиқлолияти давлатӣ фаъолияти институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бештар ба назар мерасанд.

Қобили қайд аст, ки фаъолият ва таъсири васоити ахбори умум ҳамчун шохаи чоруми ҳокимият  ба дараҷаи сифатан нав баромад. Инҳо – фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ, ба мисли озодии сухан ва озодии баён ба ҷомеаи мо иртибот дорад.

Глобализатсия бо тамоми тазодҳояш ба ҷомеаи муосири мо марҳила ба марҳила бештар таъсир мерасонад. Дар ин асос мақоми расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар афзун мегардад ва ҳамчунин доир ба амнияти иттилоотӣ бештар баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди  мубоҳисаҳо ва баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва мисоли инҳо истилоҳи амнияти иттилоотӣ истифода карда мешавад.

Ҳар як давлат дар ин муборизаву бархӯрдҳо бояд манфиати миллии хеш ва амнияту осоиштагии мардумашро вазифадор аст, бо ҳар усулу васила таъмин созад. Дар ҳама давру замон ҳам чунин буд. Аз давраҳои қадим то замони муосир масъалаи зикршуда яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб мерафт. Амнияти иттилоотӣ аз давраи пайдоиши давлат дар шаклҳои мухталиф арзи вуҷуд менамуд. Амнияти иттилоотӣ ҳимояи комил, дастрасӣ ва махфияти ахборотро таъмин месозад. Дар санад ва меъёрҳои мухталифи ҳуқуқӣ ба амнияти иттилоотӣ ишора гардидааст.

Ҷаҳони имрӯза – ҷаҳони пуртазод аст. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дигар, алалхусус дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад. Яке аз воситаҳои таъсирбахш ба воқеаҳои хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва амсоли инҳо ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст ва ҳеҷ як иттилоот бидуни ҳадаф пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат иттилооти дилхоҳ дар олам паҳн мегардад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди комил бояд манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар мадди аввал гузоранд.

Бобоназарзода Санавбар,

Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Шаҳринав идома дорад

Next Post

Манфиатҳои миллӣ – аз ҳама болотар аст

Next Post
Манфиатҳои миллӣ – аз ҳама болотар аст

Манфиатҳои миллӣ - аз ҳама болотар аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.