• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Марҳилаи рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол

Migration Service by Migration Service
30.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Марҳилаи рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дуруст аст, ки соли 1989 бо талоши як идда фарзандони фарзонаи миллат ба забони тоҷикӣ расман мақоми давлатӣ дода шуд, вале бо сабабҳои мухталиф на ҳамаи талаботи дар қонун инъикос шуда ба таври дилхоҳ раҳандозӣ шуданд. Боз ҳам то соҳибистиқлол гардидани кишвар амалан забони тоҷикӣ натавонист дар мақоми забони давлатӣ вазифаи худро ба иҷро расонад.

Чунонки бар ҳамагон чун офтоб равшан аст, соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад ва ин мардуми ҷабри таърих дида ба истиқлоли комили сиёсиву фарҳангӣ ва забонӣ расиданд. Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба гирдоби даргириҳои сиёсӣ афтид ва неруи асосӣ ба рафъи оқибатҳои он равона шуд, аммо баъди ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кишвар ба як марҳилаи комилан нав ворид шуд ва дар тамоми сохтору бахшҳо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин миён забони тоҷикиро низ наметавон мустасно шумурд. Агар баъди сулҳи тоҷикон инкишофи забони тоҷикиро як марҳилаи муҳим шуморем, ба тасвиб расидани қоидаҳои имло дар соли 1998 ва аз алифбои забони тоҷикӣ берун намудани ҳарфҳое, ки ба онҳо ҳеҷ ниёз набуд ва иҷборан ворид гардида буданд, қадамҳои нахустин дар ин замина мебошанд.

Чунонки тазаккур ёфт забон низ ба ғамхориву пуштибонӣ ниёз дошта, дар ҳамин замина ташаккул намудани он ногузир мебошад. Бо дарназардошти муҳим будани ғамхории забон ва дуруст роҳандозӣ намудани сиёсатии забонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ҳар баромаду вохўрии худ аҳамияти забонро дар ҳаёти мадании мардум таъкид менамуд. Ҳамчунин борҳо зикр кард, ки “забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст”. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пуштибонии Ҳукуматро аз забони тоҷикӣ метавон дар тамоми сохтору бахшҳои ҷомеа мушоҳида намуд.

Натиҷаи ғамхориҳои махсус буд, ки бо ибтикори Президенти кишвар соли 2008 “Соли бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардида, бо туфайли он барои тавсеи бештари ин рукни ҳастии миллат заминаҳои мусоид фароҳам омада, корҳои амалии зиёд барои густариши он ба анҷом расонида шуданд. Дар ин соли таърихӣ барои таҳаввули забони тоҷикии адабӣ, чандин китобу асарҳои марбут ба масоили мубрами забони тоҷикӣ таълиф ва иддае бознашр гардиданд, ки ин ҳама, дар маҷмуъ, ба пешрафту ҳамқадами замон гардидани забон такони ҷиддие бахшид.

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2009-ро метавон як марҳилаи дигар дар тавсеа пайдо кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қаламдод намуд. Зеро Қонуне, ки бист сол қабл аз ин (дар соли 1989) қабул гардида буд, дубора таҷдиди назар шуд ва бо дарназардошти соҳибистиқлолӣ ва манфиати миллӣ таҳрир гардид.

Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон як марҳилаи муҳим дар рушди забони тоҷикии адабӣ, ба вижа дар бахши истилоҳоти илмиву тахассусӣ номид. Зеро ҳамасола ин кумита бо ташкил ва баргузор намудани конфренсия дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ масъалаҳои мубрами забоншиносиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мушоҳидаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи истилоҳот ва тоҷикӣ намудани номвожаҳои ҷуғрофӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад. Диққати забоншиносонро ба масоили мухталифи истилоҳот равона намудани ин кумита бесабаб набуда, дар замони муосир тавсеа додани имконоти забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм тақозои давр мебошад.

Андешидани чораи зарурӣ дар марҳилаи дигари ташаккули забони тоҷикӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №335 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар бораи тасдиқи Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар вазорату идора ва муассисаҳои кишвар нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани қарори мазкур мураттаб гардида, дар ин замина корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 нақшаи муфассалеро тартиб дода, мувофиқи он бо роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мутааддид корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар ҳамин замина Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва маҷаллаю рўзномаҳо ба забони тоҷикӣ тоҷикони сокини кишварҳои хориҷиро таъмин намояд ва барои тоҷикони хориҷи кишвар дар факултетҳои забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ квотаҳоро роҳандозӣ созад.

Тавре аз ҳадафҳои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 бармеояд, вазифаи он, пеш аз ҳама, истифодаи забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар буда, вазифаи асосии Барнома ҳифз ва ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яке аз забонҳои дорои суннати хаттии чандҳазорсола ва осори бою ғании давраҳои таърихӣ мебошад.

Дар баробари марҳилаҳои зикр гардида, ҳамчунин дар минбарҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баромад намудани Президенти кишвар бо забони тоҷикӣ яке аз марҳилаҳои муҳими рушди забони тоҷикии адабӣ ва соҳибэътибор гардидани он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (28.11.2020) марҳилаи хеле муҳим дар тавсеа ва густариши забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зикр намудан бамаврид аст, ки Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян намуда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ ва номвожаҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд.

Ғафурзода Исмоил,

Сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Зуҳуроти номатлуби замон

Next Post

Терроризм аз ислом нест!

Next Post
Терроризм аз ислом нест!

Терроризм аз ислом нест!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.