• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu

Home Хабархо

Мардуми рӯшанфикр хуб медонанд, ки дар зиндагӣ бояд на душман, балки дӯст ҷуст

Migration Service by Migration Service
11.11.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мардуми рӯшанфикр хуб медонанд, ки дар зиндагӣ бояд на душман, балки дӯст ҷуст
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Рӯи кор омадани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» диққату эътибори кулли волидонро ба ояндаи фарзанд равшан намуд. Барои фарзандон мактаби беҳтарин интихоб мекунанд, таҳсили ӯро назорат мекунанд, барояш шароити зарурии зисту хониш фароҳам меоранд.

Мувофиқи хоҳишаш дар мактаби олии бонуфуз хононда, соҳиби ихтисос мегардонанд. Зиёда аз ин, ба тадқиқи илм ҳидоятгар шуда, варо ба сафи олимон ворид мекунанд. Ба ин васила, мутахассиси лоиқи замон ба ҷомеа пешниҳод мекунанд, то бо меҳнати эҷодкоронаву садоқатмандонаи худ оилаи шоиста бунёд ва кишварашро шукуфо гардонад. Бошад, ки сафи чунин оилаҳо афзун шаванд!

Вале таассуф мехӯрем, ки имрӯз ҷавононе низ ба воя мерасанд, ки на соҳиби саводанду на касб. Ба ягон кори манфиатовар майлу рағбат надоранд. Ба гурӯҳи нохалафон пайваст шуда, даст ба корҳои ношоиста мезананд. Онҳоро мебояд вақту қувваи худро барои ободкорӣ сарф кунанд, вале, мутаассифона, ба пайроҳаи нодуруст раҳгум задаанд. Ин падида, қариб дар ҳама кишварҳои олам доман паҳн намудааст.

Мардуми рӯшанфикр хуб медонанд, ки дар зиндагӣ бояд на душман, балки дӯст ҷуст, наслҳоро ба пуштибониву дастгирии фарҳанги сулҳ омода сохт.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Паҳншавии миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.

Имрӯз тамоми мардуми мамлакатро зарур аст, ки нисбати падидаҳои номаълум оштинопазир бошанд.  Пеш аз ҳама, волидон, ҳар қадами насли наврасу ҷавононро зери назорат қарор диҳанд, нагузоранд, ки онҳо  ба роҳи носолими зиндагӣ ворид шаванд.

Нисбати ҳаёти наврасону ҷавонон бетафовут будани мо эҳтимоли нохушӣ овардан аст.

Ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумият надорад, баръакс таълим медиҳад, то зидди ин падидаҳои хатарнок мубориз бошем. Вале қувваҳое  ҳастанд, ки аз дини мубини ислом сӯиистеъмол мекунанд, моро зарур аст, ҳушёр бошем, дарки дурусти маъниву мақсуд кунем.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба эътирофи тамоми мардуми олам  шарафёб гардидааст. Ободкориҳое, ки тӯли солҳои истиқлолият дар кишварамон ба амал омадаанд, қиёснопазиранд. Ин ободкориҳоро мо бояд давом диҳем, то ки   диёрамон  боз ҳам зебою шукуфо гардад. Ҷавонони  гумроҳшуда бояд ба худ оянд, дар сафи  ободкорон бошанд. “Некӣ куну ҳам ба некӣ андеш, то он некӣ  туро расад пеш” – ро шиори худ созанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ҷавонон тамоми шароити зарурӣ дар таҳсили илм ва касбомӯзӣ муҳайёст. Бояд хонд, мутахассиси варзида шуд, ҳунар омӯхт ва ҳунарманди воло шуд, аз пайи кор гардида, мақоми худро дар зиндагӣ пайдо кард, оилаи ободу зебо барпо кард.

Меҳнате, ки аз сидқи дил ба Ватан мекунем, ба нафъи оилаву наздикону пайвандони худ мегардад. Асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад. Худ шахси озодаву шоиста шуда, оилаи арзанда созем ва ҷомеаи беҳтарин пойдор намоем. Падару модаронро зарур аст, ки аз ин шароиту ғамхориҳои давлату Ҳукумат истифода карда, фарзандони худро хононанд. Мунтазам ба дарсҳо иштирок кардан  ҳанӯз маънои хонданро надорад, балки аҳамияти хонданро дарк кардан ба хондан руй оварданро дорад. Дар ниҳоди фарзандон муҳаббат ба мактабу муаллиму китоб парварем, ки нахондан ба ҷаҳолат мондан аст, ҷаҳолат тирагии ақл аст, ақли тира накӯиро намебинад.  

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  

Previous Post

Иқдоми Тоҷикистон дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

Next Post

Памятка гражданину Республики Таджикистан при въезде в Российскую Федерацию

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.