Бо нақшаву иқдомҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки боиси ифтихори кулли сокинони мамлакат гардид. Бояд қайд намоям, ки масъалаи маърифати ҳуқуқи танҳо аз моҳияти ҳуқуқи иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқи надорад, балки бо маҷмўъи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накўкорӣ, шафқату дилсўзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллати тоҷик исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Маълум аст, ки рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахусус ҷавонон вабастагии зиёд дорад. Ҳамзамон мақсади эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарщиби арзишҳои демократӣ мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар тӯли таърих инсоният собит кардааст, ки маърифати ҳуқуқӣ фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Агар мо ба таърихи рушди давлатҳои пешқадами дунё рӯй оварем, маълум мешавад, ки бунёди рушди ин давлатҳо аз баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо иборат мебошад. Нуктаҳои гуногуни раванди сиёсӣ ва инкишофи афкору интихоби арзишҳои ҳуқуқӣ равшан менамояд, ки дар масири таърих ва фазои ҳуқуқии олам гарчанде арзиши ватандустӣ, миллатгароӣ ва хештанпарастӣ табиатан дар муқобили одамгароӣ, инсондўстӣ баробарию озодӣ маҳдуд ҳам бошад, нақши он дар бунёди асолату давлати соҳибихтиёр, ояндаи фарзандони миллат ва дурнамои халқ аз ҳар ҷиҳат қиматтар ва бузургтар аст.
Маърифати ҳуқуқӣ ин танҳо донистани ҳуқуқҳои худ нест, дар баробари ин донистани уҳдадориҳои хеш дар назди давлату миллат низ мебошад. Масалан хизмат ба ватан, ҳифзи табиат ва дигар уҳдадориҳое ки дар санадҳои меъёриву ҳуқуқи дарҷ гардидаст. Дар ин сурат мо ҳамчун инсон ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ набояд яктарафа баҳо диҳем. Ҳуқуқ ин худ муносибати ростии байни инсон ва давлат мебошад. Дар акси ин ҳол алакай косташавии моҳияти ҳуқуқӣ ба назар мерасад.
Дар ҳамин радиф бо ҳар роҳу восита боло бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандон, ҳоса наврасону ҷавонон ногузир аст, чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти онҳост. Дар якҷоягӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат барои пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини волоияти қонун, риояи Конститутсия ва қонунгузории амалкунандаи мамлакат, инчунини этирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ